ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзӣ илми тоҷик даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи амалисозии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» роҳандозӣ шуда, ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав равона гардидааст.
Маросими ифтитоҳи озмунро муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.к. Фарҳод Маҳмудӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмун имкон медиҳад, ки сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавон афзоиш ёбад.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия баргузор гардида боқимонда наминатсияҳо то 23.04.2026 ба назар гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба эҳёи анъанаҳои илмию маърифатии миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи донишандӯзӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ донишҷӯёни донишкада дар озмуни мазкур натиҷаҳои хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Дар фарҷом, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳамаи иштирокчиён барору муваффақият орзу намуда, изҳори боварӣ карданд, ки онҳо дар даврҳои минбаъдаи озмун низ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи фармоиши директори Донишкада аз санаи 25 феврали соли 2026 барои баргузор намудани даври донишкадавӣ комиссияи махсус таъсис дода шуда, аз санаи 07 то 10 уми апрели соли равон сатҳи факултетӣ гузаронида шуд. Дар даври факултетӣ зиёда аз 400 нафар иштирок намуд ва 120 нафари онҳо ба даври донишкадавӣ роҳ ёфтанд.
Даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз санаи 20.04.2026 оғоз ва то санаи 23.04.2026 даври донишкадавӣ идома меёбад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО