7 МАҚОМИ ИФТИХОРИИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЯК МАТОВУ САД РАНГ”
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 8 апрели соли 2026 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Як матову сад ранг” баргузор гардид.
Фестивал-озмун аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи маҳал; намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ, намоиши беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин озмун, парки технологии донишкада аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин қаламкаш ва намоиши либосҳои маросимӣ ва идона сазовори ҷойи аввал, донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагии донишкада Ҳадисахон Ҳабибова дар номинатсияи “Намоиши либосҳои расмӣ” мақоми аввал ва Матлуба Ғаффорова сазовори ҷойи дуюм гардид, шуъбаи тарбияи донишкада аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин навори видеоӣ” сазовори ҷои сеюм гардид.
Дар номинатсияи “Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона донишҷӯи курси 2, Фараҳноз Каримова ва дар номинатсияи “Намоиши либосҳои рӯзмарра” донишҷӯи курси 1 Макнуна Солиева сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар маҷмуъ дар ин озмун 7 ҷойи ифтихориро устодон ва донишҷӯёни донишкада ба даст оварданд.
Ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии озмун тақдим гардид. Ғолибон ба даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Як матову сад ранг” роҳхат гирифтанд.
Ин дастовард ба ҷомеаи меҳнатии донишкада муборак бошад!
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО