ДАСТОВАРДИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Имрӯз, 24 апрели соли 2026 маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва маросими ҷоизасупорӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии кишварро таъмин намуда, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолиро давра ба давра таъмин намуда истодааст. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро боло бурда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» бошад, аз 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуда, ғолибон қадршиносӣ шуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии донишкада аст, ки Хуршед Худойбердиев, доктори илмҳои техникӣ, дотсенти донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол”, Фарангис Маҳмудова, муовини декан оид ба таълими факултети муҳандисӣ –технологии донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ҳамчун унвонҷу ва Олияхон Исмоилова, магистранти курси 2 ихтисоси истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Магистранти сол” дар самти техникӣ мақоми аввалро ба даст оварданд.
Ҳамчунин Шерзодҷон Зокиров, донишҷӯи курси 4 ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ҷойи дуюм ва Меҳрангез Муродзода, донишҷӯи курси 4 ихтисоси истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ - озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Бояд гуфт, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» барои ҷойи якум миёни донишҷӯён ва магистрантон 3000 сомонӣ ва миёни унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон (PhD) 5000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм мутаносибан 2000 ва 3000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм 1000 ва 2000 сомонӣ ҷудо гардида, дар озмуни «Магистранти сол» ғолибон дар ҳар як бахш бо 5000 сомонӣ ва дар озмуни «Олими сол» ғолибон бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Чунин дастовардро ба тамоми ҷомеаи меҳнатии донишкада муборакбод мегӯем.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО